Марде, ки аз Пулот Чориеви 28-сола ном бурда мешавад, мехост, писарашро дар ивази 4,8 ҳазор доллар фурӯшад.
"Чориев бо далелҳои шайъӣ ҳангоми фурӯши кӯдак дар тарабхонаи "Малика"-и шаҳри Термези Сурхандарё боздошт шуд", - хабар додаанд мақомоти корҳои дохилии Узбекистон.
Зидди ин шаҳрванди Узбекистон парванда боз ва тафтишот идома дорад.
Пештар аз ин хабар расида буд, ки дар моҳҳои охир мақомоти Узбекистон чандин ҳодисаи ба ин монандро ошкор ва пешгирӣ кардаанд.