Ссылки доступа

Сабти 108 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 дар як рӯзи охир дар Қазоқистон


Дар як рӯзи охир дар Қазоқистон 108 ҳолати нави гирифторӣ ба вабои коронавирус сабт шудааст. Дар ин бора вазорати тандурустии Қазоқистон рӯзи 16 октябр хабар дод.

Мақомоти Қазоқистон хабар доданд, ки сар аз 16 октябр дар робита ба афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус маҳдудиятҳои карантинро дар бархе аз вилоятҳо сахттар мекунанд.

Ба иттилои расмӣ, аз оғози паҳншавии вабои коронавирус дар Қазоқистон 109 ҳазору 202 сокини он кишвар ба ин вабо мубтало ва 1780 тан фавтидааст.

Аммо мунтақидон мегӯянд, мақомоти Қазоқистон бо тақсим кардани гирифторони вабои коронавирус ба "илтиҳоби шабеҳ ба коронавирус" ва коронавируси тасдиқшуда, омори воқеӣ дар бораи шумори гирифторони вабои COVID-19-ро пинҳон мекунанд.

XS
SM
MD
LG