Ссылки доступа

Дар Қирғизистон рӯзҳои ахир шумори мубталоёни COVID-19 якбора афзоиш ёфт


Дар Қирғизистон давоми як рӯзи ахир 554 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ё COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Шумори умумии мубталоён дар ин кишвар ба 52 044 расид.

Ба огаҳии Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Қирғизистон, давоми рӯзҳои ахир шумори нави мубталоён ду баробар зиёд шудааст. Рӯзи 12 октябр 298 ҳолат ошкор карда шуда буд.

Ба ҳисоби ситод, 12 октябр 298 ҳолат, 13 октябр 343 ҳолат, 14 октябр 330 ҳолат, 15 октябр 388 ҳолат, 16 октябр 431 ҳолат, 17 октябр 470 ҳолат ва 18 октябр 554 ҳолати нави мубталошавӣ ба вирус ошкор шудааст.

Дар давоми як рӯзи ахир се ҳолати фавт бар асари вирус дар вилоятҳои Ӯшу Норин ва шаҳри Бишкек қайд гаштааст. Ҷамъан дар ин кишвар 1 111 кас аз коронавирус фавтидааст.

XS
SM
MD
LG