Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Узбекистон бо такя ба чанд сокин хабар доданд.
Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, чи гуна сокинон аз мансабдорон талаб доранд, ки шумори мурдашӯёнро дар сардхонаҳо бештар кунанд.
"Чунин наворҳо шумори расмии қурбониёни вабои коронавирусро дар кишвар зери суол мебаранд", - навиштааст нашрияи "Дарё".
Рӯзи 18 октябр сабти суҳбати муовини аввали вазири тандурустии Узбекистон Абдуҳаким Ҳоҷибоев дар бемористони ноҳияи Зангиота нашр шуд.