Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон 17-уми октябри имсол аз оғози тафтиши фасодкорӣ дар Хадамоти гумруки ин кишвар хабар дода буд. Ба гуфтаи масъулони кумита, дар Хадамоти гумруки Қирғизистон аз соли 2016 то ба ҳол бо иштироки Райимбек Матраимов ва мансабдорони масъули гузаргоҳҳои марзӣ нақшаи фасодкорие амал мекунад.
Номи Райимбек Матраимов, ки бо лақаби "Раим миллион" низ маъруф аст, дар силсилаи таҳқиқоти рӯзноманигорӣ зикр шудааст. Ба навиштаи расонаҳо, хонаводаи Матраимовҳо дар чанд соли охир зиёда аз 700 миллион долларро "ғайриқонунӣ" аз Қирғизистон ба хориҷ бурдаанд.