Ссылки доступа

Тоҷбибӣ чаҳор шавҳар кардааст, сетоашро куштаанд (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Осиё: парвандаи берун бурдани садҳо миллион доллар. Дар марз бо Чин миллионҳо долларро дуздидаанд. Ҷабборов омодааст, номзад ба мақоми президентии Қирғизистон шавад. Дар Тоҷикистон "шикор"-и наваскарон идома дорад. (видео)

- Тоҷбибӣ чаҳор шавҳар кардааст, сетоашро куштаанд. Бо идомаи музокироти ҳукумати Афғонистон ва Толибон дар Қатар ҳазорон хонаводае, ки азизонашонро дар ҷанги тулонӣ талаф додаанд, умедворанд, дар ниҳоят ба кишварашон сулҳ меояд. Дар байни онҳо як зане ҳаст, дар вилояти Кунар, ки се шавҳарашро дар ҷанг куштаанд ва бо чанд фарзанд танҳо мондааст. (видео)

- Қазоқистон ба қазоқтаборони фирорӣ аз Чин паноҳгоҳ дод. (видео аз Директ)

- Санҷиши воксинҳои зидди коронавирус чи гуна мегузаранд. Мақомоти рус дар бораи санҷиши воксинаи худии зидди коронавирус гузориш медиҳанд. (видео)

- Қаробоғи кӯҳӣ. Ҷанге бе пирӯз. Арманистону Озарбойҷон ду дафъа аст, оташбас эълон мекунанд, вале яке мегӯяд, ки дигарӣ созишро риоят намекунад ва баръакс. Дар ин миён мардуми бегуноҳ талаф мешаванд (видео)

- ​Бо вуҷуди таҳдид, тазоҳурот дар Белорус идома ёфт. Рӯзи якшанбе дар Минск дигарбора ҳазорҳо нафар ба хиёбонҳо рехтанду эътироз карданд. Мақомот аз мошинҳои низомиву обпош истифода карданд,вале аз фурӯ нишонидани тазоҳурот ва пароканда намудани эътирозгарон худдорӣ намуданд (видео)

- Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ! Кӣ ба мардуми ниёзманди Тоҷикистон кӯмак мерасонад? (видео)

- Ихтиёрини суғдӣ кумак дар фасли сарморо тамрин мекунанд (видео)

- Дар ҳамлаи хунини вилояти Ғури Афғонистон даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд (видео)

- Сокинони Алмато дар бораи ҳаводиси Қирғизистон чи фикр доранд? (видео)

- «Роҳпаймоӣ бо дастагулҳо» дар Минск (нигористон)

- Камбизоатони кишвари ғанӣ. 17 октябр – Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фақр (видео)

- Содир Жапаров - сарвазири нави Қирғизистон кадоме аз ҳамсафонашро мансаб дод (видеои Настоящее время)​

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД.

XS
SM
MD
LG