Ссылки доступа

Додгоҳи Қирғизистон сарвазир Ҷабборовро дар доираи парвандаи талоши ғасби ҳукумат сафед кард


Додгоҳи олии Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазир ва иҷрокунандаи вазифаҳои президенти он кишвар, Қамбичек Тошиев, раиси кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Талант Мамитов, вакили порлумони Қирғизистонро дар доираи парвандаи ғасби худсаронаи ҳукумат сафед кард.

"Додгоҳи олӣ бо назардошти ҳолатҳои ахиран ошкоршуда оид ба ғасби худсаронаи ҳукумат дар соли 2012 парвандаро дубора баррасӣ кард", - хабар дод маркази матбуотии додгоҳи олии Қирғизистон.

Додгоҳ ин парвандаро рӯзи 16 октябр баррасӣ ва ҳукми додгоҳи шаҳри Бишкекро аз 17 июни соли 2013 бе тағйир боқӣ гузоштааст. Ба ин тартиб, ҳукми додгоҳи олӣ дар робита ба ин парванда аз 6 августи соли 2013 бекор шудааст.

"Содир Ҷабборов ба далели мавҷуд набудани таркиби ҷиноят сафед карда шуд. Ҳамроҳ бо вай вакили порлумон Талант Мамитов ва раиси КДАМ Қамчибек Тошиев ҳам сафед шуданд", - омадааст дар хабари додгоҳи олӣ.

Ҷабборов, Мамитов ва Тошиев рӯзи 3 октябри соли 2012 бо талаби миллӣ гардонидани кони тилои "Кумтор" гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Гуруҳи гирдиҳамомадагон аз болои симхорҳо дохили Кохи сафед шуданд, аммо ҳангоми талоши ворид шудан ба бино аз сӯи пулис пароканда карда шуданд. Се сиёсатмадор бозошт ва дар ғасби худсаронаи ҳукумат айбдор шуданд. Додгоҳ онҳоро аз ним то як сол зиндонӣ кард.

Моҳи октябри соли 2013 дар Қаракули он кишвар бетартибии оммавӣ рух дод. Ширкатдорони бетартибиҳо раиси вилояти Иссиқкӯл Эмилбек Каптагаевро ба асорат гирифтанд. Содир Ҷабборов, он замон вакили порлумон дар ташкили бетартибиҳо айбдор шуд. Вай аз кишвар фирор кард. Дар соли 2017 ӯ ба Қирғизистон баргашт ва боздошт шуд. Додгоҳ ӯро дар ғасби раиси вилояти Иссиқкӯл айбдор ва 11,5 сол зиндонӣ кард.

Дар натиҷаи эътирозҳои шаби 6 октябр Содир Ҷабборов аз зиндон озод шуд. Порлумон ӯро дар мақоми сарвазирӣ таъйин кард. Ҳамзамон салоҳиятҳои президент ба вай дода шуд.

XS
SM
MD
LG