Ссылки доступа

Фиребхӯрдагони қаллобони крипто дар назди додситонии Узбекистон гирдиҳамоӣ карданд


Гуруҳе аз шаҳрвандони Узбекистон, ки аз фаъолияти ширкати International Consulting Group зарар дидаанд, рӯзи 18 октябр дар назди бинои додситонии кулли он кишвар гирдиҳамоӣ ташкил карданд.

Додситонии кулли Узбекистон рӯзи 19 октябр хабар дод, ки нисбати роҳбарияти International Consulting Group Алексей Менга ва А. Молотягина 33 шикоят ворид шудааст.

Шаҳрвандон дар шикояташон гуфтаанд, ки ба ширкати International Consulting Group сармоягузорӣ карда, аммо дар натиҷаи қаллобӣ зиён дидаанд.

Додситонии кулли Узбекистон хабар дод, ки нисбати А. Менга ва дигар афрод парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ду тан аз роҳбарони дигари ин ширкат дар ҷустуҷӯи байналхалқӣ эълом шудаанд. Алексей Мэн ва дигар роҳбарони ширкат моҳи декабри соли 2019 фаъолиятро қатъ ва Узбекистонро тарк карданд.

XS
SM
MD
LG