"Харҷномаи аввалияи интихоботи такрорӣ ба порлумони Қирғизистон пешниҳод шудааст, ки 465 млн сом ё 5,6 млн долларро ташкил медиҳад", - гуфт яке аз аъзои комиссия.
Комиссия 19 октябр аз вакилони порлумони Қирғизистон даъват кард, ки лоиҳаи нави қонун дар бораи ҳадди вуруди аҳзоб ба порлумон ва гарави интихоботиро пеш аз интихоботи такрорӣ қабул кунанд. Бар асоси лоиҳа, ҳадди вуруд ба порлумон аз 7 дарсад ба 3 дарсади касби раъйи мардум ва гарави интихоботӣ аз 5 млн сом ба 1 млн сом пойин оварда хоҳад шуд.
Дар Бишкек сокинон рӯзи 5 октябр дар робита ба натиҷаи интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Ширкатдорон бекорсозии натиҷаҳои интихобот ва баргузории раъйдиҳии такрориро талаб доштанд. Шоми 5 ба 6 октябр гирдиҳамомадагон Кохи сафед ва чанд бинои мақомоти қудратиро ғасб ва бархе аз маҳбусон, аз ҷумла Содир Ҷабборовро аз зиндон озод карданд.
Комисияи интихоботӣ рӯзи 6 октябр натиҷаи интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябрро бекор кард.
Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон рӯзи 15 октябр истеъфо дод. Раиси порлумон он кишвар Канатбек Исоев аз иҷрои вазифаҳои президент даст кашид ва ба ин тартиб, сарвазир Содир Ҷабборов ҳамзамон салоҳиятҳои президентро соҳиб шуд.