Ссылки доступа

Дар Узбекистон хонаи баҳсиро баъди худсузии модар ба фарзандонаш "туҳфа" карданд


Шаҳрдории Намангони Узбекистон гуфт, хонаи баҳсиеро, ки сокини маҳаллӣ Гуландом Дадабоева барои он худро оташ зада кушт, ба фарзандонаш "туҳфа" карданд.

Ба огаҳии шаҳрдории Андиҷон, Аҳадҷон Ҷураев, ки бо Дадабоева бар сари манзили зисти мазкур баҳс мекард, бар ивази ҷудо шудани қитъаи замин аз даъвояш даст кашидааст.

Вале модари Гуландом - Муҳаббат Дадабоева гуфт, бо ин ким мақомот мегӯянд, хонаеро, ки духтараш 13 ҳазор доллари амрикоӣ харида буд, ба набераҳояш "туҳфа" кардаанд, розӣ нест.

Гуландом Дадабоева, сокини 35-солаи ноҳияи Чортоқи Намангон 29 сентябр баъди он худсӯзӣ кард, ки кормандони Бюрои иҷрои иҷборӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба манзили зисташ рафта, хостанд ӯро бо ду фарзанди ноболиғаш аз хона берун кунанд.

Ба иттилои бахши узбекии Радиои Озодӣ, Дадабоева ду сол пеш ин хонаро бар ивази 13 ҳазор доллар харидорӣ карда буд, вале мақомоти маҳаллӣ аз қайди хона ба номи ӯ худдорӣ кардаанд.

Дар қарори додгоҳи Андиҷон омадааст, Ф. Н., хеши Аҳадҷон Ҷураев, соҳиби аслии хона бо санадҳои тақаллубӣ манзили зистро ба Гуландом Дадабоева фурӯхтааст. Додгоҳ Ф.Н.-ро 4 солу 2 моҳ зиндонӣ карда, вазифадор намуд, ки давоми се моҳ ба Дадабоева 131 миллион сӯм пардозад. Вале Ф.Н. қарори додгоҳро иҷро накардааст.

XS
SM
MD
LG