Тюлеев ахиран ноиб-раиси шаҳр таъйин шуд ва баъди аз мақом рафтани Азиз Суракматов, иҷрои вазифаҳои раиси шаҳрро ҳам ба зима гирифт.
Ширкатдорони гирдиҳамоӣ мегӯянд, таъйини Тюлеев ба ин мақом ғайриқонунӣ буд. Ҷонибдорони иҷрокунандаи вазифаҳои раиси шаҳр ҳам назди бинои шаҳрдорӣ ҳозир шуданд.
Наримон Тюлеев назди гирдиҳамомадагон баромад. Вай ваъда кард, ки агар сарвазири Содир Ҷабборов иҷозат диҳад, ба истеъфо хоҳад рафт.
Наримон Тюлеев, шаҳрдори пешини Бишкек рӯзи 20 октябр ноиб-раис таъйин шуд. Суракматов ба истеъфо рафт ва иҷрои вазифаҳои раиси шаҳр ба души Тюлеев гузошта шуд.