Ссылки доступа

Ҳазорон коргари ширкати GTL Enter Engineering дар Қашқадарёи Узбекистон корпартоӣ карданд (видео)


Рӯзи 21 октбяр ҳазорон коргари ширкати GTL Enter Engineering дар вилояти Қашқадарёи Узбекистон корпартоӣ эълом карданд. Ин корхона наздики 12 ҳазор коргар дорад.

Бархе аз шоҳидон гуфтанд, ки наздики 5 ҳазор коргар ба корпартоӣ пайвастаанд.

Бино ба иттилои ахир, неруҳои вижаи мақомоти қудратӣ барои ором кардани вазъ ба корхона рафтаанд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, изи хун ва абзорҳои шикаста дар дохили корхона дида мешавад.

Ба иттилои пешакӣ, коргарон аз таъмин нашудан бо ғизо ва пардохт нашудани моҳона тариқи корти бонкӣ норизоӣ кардаанд.

Корхонаи GTL Enter Engineering дар Узбекистон сӯзишвории синтетикӣ истеҳсол мекунад.

XS
SM
MD
LG