Ссылки доступа

Президенти Узбекистон дастур дод, харитаи роҳи гузариши пурра ба лотиниро таҳия кунанд


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳукумати ин кишвар дастур дод, ки дар давоми се моҳ гуруҳи корӣ ташкил карда, харитаи роҳи гузариши комил ба алифбои узбекии лотиниасосро таҳия ва ба маъмурияти президент пешниҳод кунад.

Дар фармони Мирзиёев дар бораи тадбирҳо барои рушди минбаъдаи забони узбекӣ ҳамчунин омадааст, ки санади пешниҳодӣ бояд чораҳо, манбаъҳо ва ҳаҷми сармоягузориро дақиқ нишон диҳад.

Мирзиёев бо ин фармон Консепсияи рушди забони узбекиву такмили сиёсати забонӣ барои солҳои 2020-2030 ва барномаи иҷрои онро низ тасдиқ кард. Дар санад гуфта шудааст, ки 80 дарсади гуруҳҳои боғчаҳо то соли 2030 бояд узбекӣ бошанд ва дар як ҳафта дарсҳои узбекӣ аз 84 соат то ба 110 соат афзоиш дода шавад.

Ҳамчунин дастур шудааст, ки аз 1 апрели соли 2021 сатҳи донистани забони узбекӣ ва адабиёт миёни раҳбарон муайян ва ба онҳо шаҳодатнома дода шавад.

XS
SM
MD
LG