Ссылки доступа

Дар Қирғизистон пешниҳод доранд, интихоботи порлумонӣ дертар баргузор шавад


Талант Мамитов, вакилони порлумони Қирғизистон аз ҳизби "Республика-Ата Журт" пешниҳод дорад, ки интихоботи порлумонӣ дертар баргузор шавад.

"Бо назардошти вазъи сиёсӣ ва беҳдоштии кишвар мо бояд роҳи дурустро интихоб кунем, мо ба муҳлат ниёз дорем то ин ки ба фикри мушаххасе бирасем. Тағйири Конститутсия вақт мехоҳад. Аз ҳамин хотир мо пешниҳод дорем, ки интихобот дертар баргузор шавад", - гуфт Мамитов.

Омурбек Текебоев, раиси ҳизби "Ота Макон" ҳам аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ кард.

Порлумони он кишвар ахиран тағйирот ба қонунгузории интихоботиро қабул кард. Бино ба тағйирот, фоизи касби раъй барои вуруд ба порлумон 3 дарсад ва кафолати интихоботӣ 1 млн сом таъйин шуд.

Дар Бишкек сокинон рӯзи 5 октябр дар робита ба натиҷаи интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябр гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Ширкатдорон бекорсозии натиҷаҳои интихобот ва баргузории раъйдиҳии такрориро талаб доштанд. Шоми 5 ба 6 октябр гирдиҳамомадагон Кохи сафед ва чанд бинои мақомоти қудратиро ғасб ва бархе аз маҳбусон, аз ҷумла Содир Ҷабборовро аз зиндон озод карданд.

Комисияи интихоботӣ рӯзи 6 октябр натиҷаи интихоботи порлумонии рӯзи 4 октябрро бекор кард.

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон рӯзи 15 октябр истеъфо дод. Раиси порлумон он кишвар Канатбек Исоев аз иҷрои вазифаҳои президент даст кашид ва ба ин тартиб, сарвазир Содир Ҷабборов ҳамзамон салоҳиятҳои президентро соҳиб шуд.

XS
SM
MD
LG