Ссылки доступа

Бинокорони "Роҳи оҳани Узбекистон" мегӯянд, 2 моҳ аст, маош намегиранд


Садҳо корманди ширкати "Роҳи оҳани Узбекистон", ки дар маҳалли осебдида аз рахнашавии садди обанбори Сардобаи ин кишвар пул месозанд, мегӯянд, аз моҳи августи соли равон маош нагирифтаанд.

Ҳудуди 50 бинокори дигари "Роҳи оҳани Узбекистон" ҳам, ки бинои маҷмааи варзишии "Алпомиш"-ро дар шаҳри Гулистон барқарор месозанд, айни шикоятро доранд. Ин бино як моҳи пеш дар натиҷаи таркише осеб дида буд.

Ба гуфтаи бинокорон, беш аз 200 корманди "Роҳи оҳани Узбекистон" аз моҳи майи соли равон дар барқарорсозии хонаҳое, ки дар натиҷаи рахнавшаии сад осебдида буданд, иштирок доштанд ва ҳоло дар ноҳияи Оқолтин пул месозанд.

"Мо чаҳор пул бунёд кардем ва хонаҳои осебдидаро дар Сардоба барқарор сохтем, вале аз моҳи августи имсол ба мо маош намедиҳанд", - шикоят кард як бинокори ширкат.

Намояндаи "Роҳи оҳани Узбекистон" хабари пардохт нашудани моҳонаи бинокорон дар Сардобаро тасдиқ кард ва онро ба набудани нақдина дар бонк рабт дод.

Шикояти бинокорони "Роҳи оҳани Узбекистон" бо хабари корпартоии кормандони ширкати узбекии Enter Engineering рост омад.

Рӯзи 21 октябр ҳудуди ҳазор коргари иншооти сохтмонӣ дар ноҳияи Гузори Узбекистон даст ба бетартибӣ задан ва бинои маъмурии корхонаро тахриб карданд. Дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, бинои маъмурии тахрибшудаи коргоҳ дида мешавад.

XS
SM
MD
LG