Ссылки доступа

Кормандони соҳаи барқ дар Қарағандаи Қазоқистон 20 моҳ аст, моаш нагирифтаанд


Дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон кормандони як ширкати тақсими барқ қариб ду сол аст, ки маош нагирифтаанд.

Соҳибони ширкат талаби кормандонро нодида мегиранд, вале мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, омодаи кӯмак ҳастанд, ба шарте, ки коргарон аризаи аз кор рафтанро нависанд.

"Аз мо хостаанд, ки аризаи аз кор рафтанро нависем ва баъдаш коргоҳро муфлис эълом кунанд. Аммо то замоне, ки ҳаққи заҳмати моро пурра пардохт накунанд, ариза нахоҳем навишт. Эҳтимол вуҷуд дорад, ки ҳам бекор хоҳем монд ва ҳам маошро дарёфт нахоҳем кард", - гуфт як коргари ширкати "Сакен ва К"

"Сакен ва К" - ширкати тақсимкунандаи барқ дар ноҳияи Жанааркини вилояти Қарағанда аст, ки ҳазорон сокинро бо барқ таъмин мекунад. Ин ширкат дар соли 2018 бо мушкил мувоҷеҳ шуд. Бори охир коргарон дар моҳи феврали соли 2020 маоши якмоҳаро дарёфт карданд.

Дар ин давра коргарон ба мақомоти додгоҳӣ муроҷиат карданд. Аммо натиҷае ба даст наоварданд.

Гулим Ибодилдина, муҳандиси ширкат мегӯянд, роҳбарият намехоҳад, бо кормандон гуфтугӯ ва мушкилро ҳал кунад.

Дар ин ширкат дар маҷмуъ 37 кас кор мекунад, ки ҳамаи онҳо наздики 2 сол аст, моаш нагирифтаанд.

XS
SM
MD
LG