Ба сухани онҳое бовар накунед, ки мегӯянд, интихоботи порлумонӣ то 20 декабри соли равон баргузор мешавад. 10 январ интихоботи президентӣ баргузор мегардад. Сипас, бо хости Худо ислоҳот сурат мегирад ва баъдан интихоботи порлумонӣ баргузор мекунем", - шарҳ додааст ӯ.
Дар шуъбаи иттилооти хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон тасдиқ карданд, ки саҳифаи мазкур ба Ҷабборов тааллуқ дорад ва навиштаро худи Ҷабборов нашр кардааст.
Пештар Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон қарор карда буд, ки интихоботи порлумонии такрории ин кишвар 20 декабри соли равон баргузор мешавад. Вале Порлумони кунунии Қирғизистон 22 октябр бо тағйири қонуни интихоботи ин кишвар иҷрои бандҳои 38 ва 63 қонуни конститутсионӣ дар бораи интихоботи президент ва вакилони порлумони ин кишварро манъ кард. Ин бандҳо муҳлати баргузории интихоботи порлумонии такрориро дақиқ муайян мекарданд.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек низ қарори Комисияи марказии интихоботӣ дар бораи 20 декабр баргузор кардани интихоботи порлумонии такрориро бекор кардааст.
Дар ҳамин ҳол 48 ҳизби сиёсӣ комиссияи мазкурро огаҳ кардаанд, ки мехоҳанд дар интихоботи такрорӣ ширкат кунанд.