"Дар мавриди пойгоҳи Кант бояд гуфт, ки мавқеи устувори мо ҳифзи ин пойгоҳ аст. Роҷеъ ба созишномаҳои имзошуда ҳеч гуна бозбиние сурат намегирад", - иқтибос овардааст хабаргузории русии "РИА Новости" аз суханҳои Қазоқбоев.
Вале дар сомонаи расмии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ва ниҳодҳои давлатии дигари ин кишвар чизе дар ин бора гуфта нашудааст. Талошҳо барои дарёфти назари масъулони вазорат бенатиҷа буданд.
Пештар, 14 октябр сарвазир ва иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов низ гуфта буд, ки созишномаҳо дар бораи пойгоҳи низомии Русия дар ин кишвар тағйир дода намешаванд.
Русия дар ҳудуди Қирғизистон чаҳор иншооти низомӣ: пойгоҳи ҳавоии "Кант"; пойгоҳи озмоишӣ дар шаҳри Қаракӯл; пойгоҳи иртиботӣ дар шаҳраки Чалдовар; нуқтаи худкори зилзилашиносӣ дар шаҳри Майлуу-Суу дорад. Пештар ҳар кадом аз ин иншоот дар алоҳидагӣ баррасӣ мешуд, аммо соли 2012 Қирғизистон ва Русия тасмим гирифтанд, ки ҳамаи онҳоро ба пойгоҳи муттаҳидаи Русия табдил диҳанд.
Пойгоҳи Русия дар Қирғизистон ягона иншооти низомии хориҷӣ ба ҳисоб меравад. То соли 2014 дар ин кишвар пойгоҳи ҳавоии амрикоии "Манас" амал мекард.