Дар ин бора муовини вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Узбекистон Узоқбой Бегимқулов дар як нишасти хабарӣ дар Тошканд иттилоъ дод.
Дар иттилоияи расмии Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Узбекистон дақиқ гуфта нашудааст, ки дар ин кишвар чи қадар донишгоҳи ғайридавлатӣ бунёд мешавад.
Тавре Бегимқулов гуфт, агар дар шаҳри Тошканд, Қарақалпоқистон ва 12 вилояти Узбекистон яктоӣ донишгоҳ бунёд шавад, пас дар 1 сол дасти кам 14 донишгоҳи ғайридавлатӣ дар ин кишвар таъсис дода хоҳад шуд.
Расонаҳо дар бораи таъсиси донишгоҳҳои хусусӣ дар Узбекистон бори нахуст ду сол пеш иттилоъ дода буданд.