Ссылки доступа

Сарвазири Қирғизистон гуфт, салоҳиятҳояшро канор гузошта, довталаби курсии президентӣ мешавад (видео)


Иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов (Ҷапаров) гуфт, ки то охири соли ҷорӣ аз мақомаш канор меравад, то ки битавонад моҳи январ дар интихоботи президентӣ номзад шавад.

Таҳаввулоте, ки дар бораи он Ҷабборов рӯзи 25-уми октябр, зимни мулоқот бо сокинони Норин эълон кард, барояш имкон медиҳад, ки қонунеро, ки ба иҷрокунандаи вазифаи президент ширкат дар интихоботро манъ мекунад, сарфиназар бикунад.

Ӯ гуфт, “интихоботи президентӣ рӯзи 10-уми январ баргузор мешавад. Ман дар оғози моҳи декабр ба истеъфо меравам, то ки дар интихобот иштирок кунам. Ман дар ин сабқат ба ҳайси як шаҳрванди қаторӣ иштирок мекунам. Агар пирӯз шудам, президент мешавам, агар не, пас як шаҳрванди оддӣ мемонам”.

Баъди бекор шудани натиҷаҳои интихоботи 4-уми октябр бо сабаби эътирозҳо аз тақаллуби овоздиҳӣ, ҳукумат барканор шуд ва Ҷабборови 51-сола нахуствазири кишвар гардид. Аз соли 2005 ба ин сӯ ин сеюмин инқилоби мардумӣ дар Қирғизистон аст, ки боиси барканории ҳукумати кишвар мешавад.

Президент Сооронбой Ҷеенбеков миёнаҳои моҳи октябр ба истеъфо рафт ва Ҷабборов ба ҳайси нахуствазир иҷрокунандаи вазифаи президент шуд. То 4-уми октябр ӯ дар зиндон буд ва барои одамрабоӣ ҳукми 11,5 соли ҳабсро пуштисар мекард. Озодии ӯ дар фазои нооромиву эътирозҳои баъдиинтихоботӣ имконпазир шуд.

Рӯзи 24-уми октябр Комиссиюни марказии интихоботҳои Қирғизистон гуфт, ки таърихи интихоботи президентиро ба 10-уми январ таъин мекунад. Ҷабборов аллакай ба қонунҳои интихобот тағйирот ворид кардааст, ки санаи баргузории интихоботи нави парлумониву президентиро ба санаи дертар вогузор ва барои худи ӯ ҳам шароити қонунии ширкат дар интихоботро фароҳам мекунад.

Дар сурати дар моҳи декабр ба истеъфо рафтанаш тағйирот ба қонун лозим намешавад. Бисёр коршиносони соҳаи ҳуқуқ ва ҳам сиёсатмадорон таъкид мекунанд, ки барои тағйир додани конститутсия бояд референдум ё ҳамапурсии мардумӣ баргузор шавад.

В Кыргызстане решают, когда пройдут выборы и в какой форме. Ничего не ясно
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:02:37 0:00

XS
SM
MD
LG