Георгий Третяков, раҳбари як сехи дӯзандагӣ дар Москва мегӯяд, баъди баста шудани марзҳо корхонаи онҳо бо мушкили норасоии кормандон рӯбарӯ шудааст.
"Корхонаи мо ба кормандони ботаҷриба ниёз дорад. Шарт нест, онҳо ҳатман шаҳрванди Русия бошанд. Дархости зодагони Осиёи Марказиро ҳам баррасӣ мекунем. Вале мавҷи нерӯи корӣ дар пайи баста шудани марзҳо якбора коҳиш ёфтааст ва ин ба фаъолияти мо бетаъсир нест. Мо таҷрибаи ҳамкорӣ бо дӯзандаҳои узбекро дорем ва ин таҷриба нишон дод, ки онҳо вазифаи худро аз нигоҳи касбӣ хуб анҷом медиҳанд", - афзуд ҳамсуҳбати мо.
Коҳиши нерӯи кориро дар шаҳрдории Москва низ эҳсос кардаанд. Пештар шаҳрдори пойтахти Русия Сергей Собянин дар суҳбат бо телевизиони давлатии он кишвар гуфт, дар шаҳр мушкили норасоии нерӯи корӣ пеш омада, шумори муҳоҷирони корӣ 40 дарсад кам шудааст. "Ин ба бозори нерӯи корӣ ва бахши коммуналӣ таъсири худро хоҳад гузошт. Бахусус ба корҳои муваққатӣ аз қабили рӯфтани барфҳо. Ин кори дастӣ ҳаст, бояд ба даст белу лом гирифт ва на ҳама сокинони Москва ба ин корҳо омодаанд", - изҳор дошт ӯ.