Вай гуфт, дар ибтидо умедвор буд, ки "бо рӯи кор омадани ҳукумати нав субот барқарор хоҳад шуд, аммо ин ҳукумат ҳоло танҳо ба тақсими курсиҳо машғул аст".
Дуйшебоев ҳамчунин афзуд, сарфи назар аз изҳороти ҳукумати нав дар бораи мубориза бо фасод ва ҷинояткорӣ, ҳамаи ин тадбирҳо ба намоиши театрӣ шабоҳат доранд.
"Гуфтугӯҳо дар бораи Раимбек Матраимов зиёд буд, таҳқиқотҳои рӯзноманигорӣ анҷом шуд. Ҳамаи мақомоти давлатӣ гуфтанд, ки Матраимов айбе надорад. Аммо чанде пеш ӯро боздошт ва баъди чанд соат раҳо карданд. Хабар доданд, ки вай зарарро ҷуброн кардааст. Агар нисбати вай то ҳол ҳеч парвандае боз нашуда бошад, пас айби ӯро чи гуна исбот карданд? Кӣ ин зарарро ҳисоб кард? Агар вай гунаҳкор нест, пас дар асоси чӣ вай зарарро ҷуброн мекунад? Ҳамаи ин ҳолат суолҳоро ба бор меорад", - гуфт Дуйшебоев.
Сооронбой Ҷеенбеков, президенти пешини Қирғизистон пеш аз истеъфояш рӯзи 15 октябр Кенешбек Дуйшебоевро котиби Шӯрои амният таъйин кард. Ахиран хабар расид, ки вай аз мақомаш истеъфо додааст.
Бо қарори Содир Ҷабборов, иҷрокунандаи вазифаҳои президент ва сарвазири Қирғизистон аз рӯзи 27 октябр Рискелдӣ Мусоев котиби нави Шӯрои амният таъйин шуд.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек Раимбек Матраимов, муовини пешини раиси Хадамоти давлатии гумруки он кишварро рӯзи 20 октябр ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист аз боздошт раҳо кард. Матраимовро рӯзи 20 октябр дар доираи парвандаи фасодкорӣ боздошт карда буданд.
Расонаҳо борҳо навиштанд, ки Матраимов бо ташкили низоми фасодолуд дар хадамоти гумруки Қирғизистон бештар аз 700 миллион долларро ба хориҷ бурдааст.