Ссылки доступа

Дар Қазоқистон даҳҳо нақбкан корфармои худро ба додгоҳ кашиданд


45 тан аз кормандони нақби "Киров" дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон, ки ба ширкати Altyn Komir Service тааллуқ дорад, корфармои худро ба додгоҳ кашиданд.

Даъвогарон мегӯянд, ширкат солҳои тӯлоние ба бунёди нафақа ва бунёди бимаи тиббӣ пардохтҳои коргаронро интиқол надодааст ва ҳамзамон бо гузашти солҳои музди моҳонаи коргаронро боло набурдааст.

Дар маҷмуъ, дар ин ширкат наздики 300 кас кор мекунад, аммо на ҳамаи онҳо ҷонибдори тариқи додгоҳ ҳал кардани масъала ҳастанд.

Ҳуқуқшинос Александр Пак, ки аз ҳуқуқҳои коргарон ҳимоят мекунад, гуфт, коргарон барои даъвои худ санаду далел доранд.

Дар ҳамин ҳол роҳбарияти ширкати Altyn Komir Service нахостааст, бо расонаҳо суҳбат ва ҳодисаро шарҳ диҳад.

Коргарон бо даъво бурдан ба додгоҳ талаб кардаанд, ки ширкат пардохтҳои бунёди нафақа ва бимаи тиббиро анҷом диҳад ва ҳамзамон музди моҳонаи касонеро зиёд кунад, ки солҳои тӯлонӣ дар ширкат кор мекунанд.

XS
SM
MD
LG