Ин ибораро қаҳрамони филм Барон Коэн истифода кардааст.
Дар Қазоқистон дар соли 2006 баъди нашри қисми аввали филми "Борат: омӯзиши фарҳанги амрикоӣ барои хайри мардуми Қазоқистон" онро "таҳқиркунанда" унвон карданд. Вале баъдтар вазири вақти корҳои хориҷии Қазоқистон Ержан Қозихон гуфта буд, бо шарофати филми "Борат" шумори сайёҳон ба Қазоқистон афзудааст.
Қисми дувуми филм низ, мисли қисми аввал, вокунишҳои мухталиферо дар Қазоқистон ба бор овард. Рӯзи якшанбеи гузашта дар шаҳри Нурсултон зидди намоиши филм эътироз карданд. Пештар аз ин 10 ҳазор кас бо имзои фарохонии онлайнӣ, талаб карданд, ки филм нашр нашавад.
Филми "Борат" аз саргузашти зодаи Қазоқистон Борат Сагдиев қисса мекунад, ки ба ИМА рафта, бо фарҳанги маҳаллӣ ошно мешавад. Қисми аввали филм бештар аз 260 миллион доллар даромад оварда ва қаҳрамонҳои филм ҷоизаҳо касба карда буданд.