Ссылки доступа

Дар Марғелони Узбекистон ятимхонаеро бастанд, ки нисбати кӯдакон хушунат мешуд


Дар шаҳри Марғелони вилояти Фарғонаи Узбекистон Ятимхонаи №1-ро бастанд, ки ду соли пеш, бино бар хабарҳо, нисбати тарбиятгирандагони он хушунати ҷинсӣ раво ва буҷааш ғорат мешуд.

Яке аз масъулони ятимхона гуфт, муассисаро бо фармони вазорати маорифи халқии Узбекистон мебанданд. Ба гуфтаи ин масъул, кӯдакони нимаятимро ба хонаводаҳояшон бармегардонанд ва ятимони кулро ба ятимхонаҳои шаҳрҳои дигари Узбекистон мефиристанд.

Ду сол пеш роҳбарият ва бештар аз даҳ корманди Ятимхонаи №1 дар шаҳри Марғелон бо айби содир кардани ҷиноятҳои сангин ба ҷавобгарӣ ҷалб шуданд. Расонаҳо навиштанд, ки масъулони ятимхона нисбати тарбиятгирандагон хушунати ҷинсӣ раво дида, ҳамчунин онҳоро ба танфурӯшӣ маҷбур мекардаанд.

Як масуъли ятимхона бидуни зикри номаш дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки айни замон сарнавишти 117 тарбиятгирандаи ятимхона норушан аст.

"Ҳодисаи ду соли пеш таъсирашро гузошт. Мақомоти маориф тасмим гирифтанд, ки ятимхонаро банданд. Мо 50 нимаятим дорем, ки танҳо ё падар ва ё модар доранд ва ин афрод намехоҳанд, фарзандони худро пас гиранд. Дар ятимхона 23 ятими кул ҳаст. Ба илова, кӯдакон аз хонаводаҳои камбизоат ва кӯдакони маъюб ҳам дар ятимхона тарбият мегирифтанд. Ҳоло сарнавишти онҳо норушан боқӣ мемонад", - гуфт масъули ятимхона.

XS
SM
MD
LG