Ссылки доступа

Додгоҳи Қирғизистон шикояти КМИР аз манъи интихоботи такрориро пас гардонд


Додгоҳи олии Қирғизистон 29 октябр хабар дод, ки шикояти Комиссияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии ин кишвар (КМИР)-ро аз болои қарори додгоҳи шаҳри Бишкек пас гардонд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Қирғизистон, шикоят ба хотири набудани далели пардохти боҷи давлатӣ пас фиристода шудааст.

КМИР Қазоқистон 28 октябр аз болои қарори додгоҳи шаҳри Бишкек, ки даъвои созмони "Эътилоф барои демократияву ҷомеаи шаҳрвандӣ" ва Ҳизби сиёсии "Актив"-ро дар мавриди ғайриқонунӣ номидани интихоботи такрории порлумонӣ қонеъ карда буд, ба Додгоҳи олӣ шикоят бурд. КМИР санаи интихоботи порлумонии такрории Қирғизистонро 20 декабр эълом карда буд.

Порлумони Қирғизистон дар ҷаласаи рӯзи 22 октябр лоиҳаи қонуни боз доштани иҷрои бандҳои 38 ва 63-и қонуни конститутсионии ин кишварро дар бораи интихоботи президентӣ ва вакилони порлумон қабул кард. Бар асоси лоиҳаи қонун, интихоботи порлумонии Қирғизистон баъди ислоҳи Конститутсияи ин кишвар ва на дертар аз 1 июни соли 2021 баргузор хоҳад шуд. Иҷрокунандаи вазифаҳои президент ва ҳамзамон сарвазири Қирғизистон Содир Ҷабборов худи он рӯз қонунро имзо кард. Вале ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ҳангоми қабули қонун ба қонуншиканиҳо роҳ дода шудааст ва он зидди Конститутсияи Қирғизистон мебошад.

XS
SM
MD
LG