Ссылки доступа

Amnesty International аз қазоқистоние ҳимоят кард, ки дар Чин ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудааст


Созмони байналхалқии ҳомии ҳуқуқи Amnesty International аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, зери номае унвонии мақомоти маҳбаси Шинҷони Чин имзо гузоранд ва аз қазоқтабори зиндонӣ Нагиз Муҳаммадулӣ ҳимоят кунанд.

Ба иттилои созмон, Нагиз Муҳаммадулӣ ҳамроҳ бо хонаводааш ҳашт сол пеш аз Чин ба Қазоқистон кӯчид ва баъди як сафари кутоҳ ба Чин дар моҳи марти соли 2018 боздошт ва дар "ҷудоиандозӣ" айбдор шуд. Amnesty International хабар медиҳад, ки ӯро моҳи сентябри соли ҷорӣ ба ҳабси якумрӣ маҳкум кардаанд.

Хешовандони Муҳаммадулӣ гуфтаанд, ки ӯро барои изҳори назарҳояш дар бораи кӯчидани қазоқтаборони Шинҷон ба Қазоқистон ва сиёсати "таҳсилоти дузабона" дар Шинҷон боздошту айбдор кардаанд.

Amnesty International мегӯяд, Муҳаммадулӣ аз ҳаққи дастрасӣ ба додгоҳи боадолат маҳрум буд, зеро ба вай ҳаққи интихоби вакили мудофеъ дода нашуд. Муҳаммадулӣ айби эъломшударо эътироф накард ва дар додгоҳ гуфт, ки ӯро шиканҷа кардаанд.

Чин ба хотири нигаҳдории иҷбории беш аз як миллион уйғур, қазоқтабор ва намояндаи ақалиятҳои дигари мусулмон дар "марказҳои бозтарбия"-и Шинҷон аз соли 2017 ба ин сӯ мавриди интиқоди ҷомеаи байналмилалӣ қарор дорад. Худи Пекин иттиҳомро рад карда, урдугоҳҳоро "марказҳои омӯзишӣ"-е меномад, ки гӯиё ба хотири мубориза бо терроризму экстремизм таъсис дода шудаанд.

XS
SM
MD
LG