Ссылки доступа

Дар Узбекистон дар давраи сабтином барои Green Card қаллобӣ афзоиш ёфтааст


Дар Узбекистон бо оғоз шудани давраи нави пур кардани ариза барои дарёфти Green Card (Грин корт ё корти сабз) шумори миёнаравҳое афзоиш ёфтааст, ки бар ивази маблағи муайян кумак пешниҳод менамоянд.

Давраи нави пур кардани ариза барои дарёфти "Green Card" 7 октябр оғоз шуда, 10 ноябр ба поён мерасад.

Имрӯзҳо дар кӯчаҳои шаҳри Тошканд ва вилоятҳои Узбекистон шумори одамоне афзоиш ёфтааст, ки мегӯянд, бар ивази маблағи муайян метавонанд ба ҷои шумо аризаро пур кунанд.

Даҳҳо ширкат дар шаҳри Самарқанд ба унвони оҷонси сайёҳӣ ба иштирокдорони "Green Card" кумак пешниҳод менамоянд. "Шиноснома ва шаҳодатномаи таваллуди фарзандҳоятонро пешниҳод кунед. Ҳаққи пур кардани аризаи оилавӣ 80 сӯм (ҳудуди 8 доллар аст). Агар бахтатон омад кард, баранда мешавед", - гуфт корманди яке аз ин ширкатҳо.

Бархе аз миёнаравҳое, ки кумак пешниҳод мекунанд, барои пур кардани ариза маблағ талаб намекунанд. Вале дар сурати пирӯз шудани муштарӣ бар ивази рамзи бозӣ чанд ҳазор доллар талаб хоҳанд кард.

"Миёнаравҳо маълумоти шахсии одамонро ҷамъоварӣ карда, мефиристанд. Агар касе аз онҳо баранда шуд, аз ӯ бар ивази рамзи лотарея аз 5 то 10 ҳазор доллар талаб менамоянд", - гуфт як сокини Самарқанд, ки бо бозии "Green Card" ошност.

Иёлоти Муттаҳида соле барои 50 ҳазор нафар дар сартосари дунё имкони дарёфти ҳаққи иқомату кор дар ин кишварро тавассути корти сабз фароҳам меорад.

XS
SM
MD
LG