Бар асоси ин фармон, шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар рӯз 10 ҳазор ё бештар аз ин қадам мезананд, ба ҳамёни интернетии худ 3 ҳазор сӯм дарёфт мекунанд. Ба илова, касоне, ки дар сатҳи ноҳия дар моҳ бештар аз дигарон қадам мезананд, 300 ҳазор сӯм (муодили 300 сомонӣ), дар сатҳи минтақа бештар аз дигарон қадам мезананд - 500 ҳазор сӯм (500 сомонӣ) ва дар сатҳи кишвар аз дигарон бештар қадам мезанад 1 миллион сӯм (1000 сомонӣ) дарёфт мекунад.
Гуфта мешавад, ин маблағ аз ҳисоби буҷаи давлат пардохт мешавад.
Дар айни замон ҷузъиёти дигари ин тарҳ муайян нест ва ҳамчунин муайян нест, ки қадамзании сокинон чи гуна ҳисоб карда мешавад.
Ин тарҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни корбарони узбекистонӣ баҳсҳои зиёдеро ба бор овардааст. Бархеҳо менависанд, маблағҳои буҷа беасос аз худ карда мешаванд.