Ссылки доступа

Дар Қирғизистон роҳбарони пешини КДАМ ва ВКД-ро меҷӯянд


Орозбек Опумбоев, Кашкар Жунушалиев.
Орозбек Опумбоев, Кашкар Жунушалиев.

Содир Ҷабборов, иҷрокунандаи вазифаи президент ва сарвазири Қирғизистон дар мулоқот бо сокинони вилояти Бодканди он кишвар гуфт, ки роҳбарони пешини Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) ва Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) дар ҷустуҷӯ ҳастанд.

Ҷабборов ба суол дар бораи марги Умедбек Олтинбек уулу дар ҳаводиси 5 октябр посух дод.

"Умедбек фаромӯш нахоҳад шуд, вай ҳамеша дар ёди мо мемонад. Гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ ҷалб мешаванд. Айни замон роҳбарони пешини ВКД ва КДАМ дар ҷустуҷӯ ҳастанд. Кӣ фармони тиркушоиро дод? Гунаҳкорони занозании пулис бо мардум ҷазо дода мешаванд", - гуфт Ҷабборов.

Рӯзи 5 октябр дар майдони Ала-Тоои шаҳри Бишкек намояндагон ва ҳаводорони ҳизбҳои сиёсие, ки дар интихоботи рӯзи 4 октябр раъйи кофӣ ба даст наоварда ва вориди порлумон нашуда буданд, гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Гирдиҳамоӣ ба бетартибӣ табдил шуда, дар натиҷаи занозанӣ бо пулис Умедбек Олинбек уулуи 19-сола кушта шуд. Дар он занозанӣ ҳамчунин бештар аз 900 тани дигар маҷруҳ гардид.

Рӯзи 9 октябр бо фармони президенти вақти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков раиси КДАМ-и Қирғизистон Орозбек Опумбоев аз мақом барканор гардид. Кашкар Ҷунушалиев, вазири корҳои дохилии Қирғизистон баъди бетартибиҳо дигар ба маҳалли кораш ҳозир нашуд. Дар бораи макони буду боши вай иттилое нест.

XS
SM
MD
LG