Ссылки доступа

Ҳар ду номзадҳо ба мақоми президентии ИМА мегӯянд, ба пирӯзӣ наздиканд


Дональд Трамп и Джо Байден

Президенти ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп ва рақиби демократи ӯ Ҷо Байден дар иёлоти хеле муҳими таъминкунандаи пирӯзии номзадҳо бо ҳам дар рақобати танготанг қарор гирифтаанд. Пешбинӣ мешавад, ки давоми чанд рӯзи дигар натиҷаҳои интихобот номаълум хоҳанд монд.

Байден субҳи 4-уми ноябр гуфт, ӯ ба пирӯзӣ наздик мешавад ва аз овоздиҳандагон хост, сабр кунанд, то натиҷаҳои расмиву ниҳоӣ ба даст биёяд.

Трамп баъди ин демократҳоро дар “дуздии” интихобот гунаҳкор кард ва гуфт, худи ӯ интизори “пирӯзии бузург” аст. Лаҳзаҳое, ки Байден суҳбат мекард, Трамп дар Твиттер навишт: “Мо дар остонаи (ғалабаи) бузург ҳастем, вале онҳо талош доранд интихоботро бидузданд”.

Баъди ин Твиттер бар асоси “Сиёсати мадании ҳамгироӣ” ин навиштаҳоро пинҳон кард ва гуфт, мазмуни ин навиштаҳо баҳсбарангез аст ва хонандаро дар ғафлат мегузорад.

Байден умедвор буд, дар иёлоти калидие ба мисли Флорида пирӯз мешавад, вале натиҷаҳои пешакӣ мегӯяд, ин аёлат насиби Трамп шуд ва дар баъзе иёлоти дигар ҳам пештоз аст. Натиҷаҳои овоздиҳӣ дар дигар иёлоти калидӣ ҳам бояд ҳисоб шавад, вале бо сабаби шумори зиёди овоздодаҳо аз роҳи почта интизор меравад, ҳисобу китоби ниҳоии овозҳо вақт мегирад.

Дар бисёр иёлот ҳамоно бояд шумори хеле зиёди баргаҳо ҳисоб шаванд, аз ҷумла, дар Каролинаи Шимолӣ, Ҷорҷиа, Мичиган, Висконсин, Техас ва Пенсилвания пешбинӣ мешавад, ки натиҷаҳои овоздиҳӣ ба ҳам хеле наздик мешавад.

Дар Пенсилвания эҳтимол ҳисоби ниҳоии баргаҳо се-чаҳор рӯз кашад. CNN гуфт, пешбинӣ мешавад то нисфишаб Байден бо 270 овоз дар муқобили 136 овоз аз Трамп пеш мегузарад.

Интихоботи президентии Амрикоро дар таърихи даҳсолаҳои охир нодир меноманд. Чун дар шароити пандемия ва ихтилофи хеле ҷиддӣ дар ҷомеа баргузор мешавад, вале айни замон, ба хотири имкони овоздиҳии пешакӣ, то рӯзи аслии интихобот беш аз 100 миллион сокини ин кишвар тавонистанд дар интихобот овоз бидиҳанд.

Аз ҳамин рӯ, пешбинӣ мешавад, ки барои ҳисобу китоб ва эълони натиҷаҳои ниҳоии интихобот чанд рӯзи дигар лозим мешавад.

XS
SM
MD
LG