Ссылки доступа

ИМА баъди интихоботи президентӣ додани визаи муҳоҷириро ба қирғизистониҳо баррасӣ мекунад


ИМА баъди интихоботи президентӣ додани раводиди муҳоҷириро ба шаҳрвандони Қирғизистон баррасӣ мекунад. Дар ин бора сафири ИМА дар Қирғизистон Доналд Лу рӯзи 4 ноябр хабар дод.

Ба гуфтаи вай, ин масъала бе назардошти он ки дар интихоботи президентии ИМА кӣ ғолиб мешавад, ҳал хоҳад шуд.

"Таври маълум, манъи додани раводиди муҳоҷирӣ ба низоми муҳофизати шиносномаҳои Қирғизистон марбут аст. Хушбахтона, Қирғизистон омодаи ҳалли ин масъала ҳаст. Сарфи назар аз он ки дар интихоботи ИМА кӣ пирӯз мешавад, ҳукумати мо маҳдудиятро рафъ хоҳад кард", - гуфт сафир.

Кохи сафеди ИМА шуруъ аз 31 январи соли ҷорӣ вуруди муҳоҷирони Қирғизистонро ба ИМА манъ кард. Он замон гуфта мешуд, ки ИМА аз "нуфузи шиносномаҳои қирғизӣ ва раванди таҳияи онҳо нигарон аст". Ҳамзамон гуфта мешуд, ки ба шаҳрвандони Қирғизистон визаи сайёҳӣ, тиҷорӣ, корӣ ва донишҷӯӣ дода мешавад.

XS
SM
MD
LG