Ссылки доступа

Байден дар иёлатҳои калидӣ назар ба Трамп пешсаф аст


Дар ИМА ҳисоби раъйҳо дар интихоботи президентӣ рӯзи дувум аст, ки идома дорад.

Номзади демократҳо Ҷо Байден субҳи 5 ноябр назар ба рақиби ҷумҳурихоҳаш президент Доналд Трамп дар чаҳор иёлати калидӣ - Аризона, Ҷорҷия, Пенсилвания ва Невада пешсаф аст. Ӯ то ҳол 253 овози интихобкунандагонро ба даст овардааст. Дар ҳоле ки шумори раъйҳои касб кардаи Трамп ба 214 мерасад.

Бино ба пешбинии расонаҳо, ҷонибдориҳо дар Невада ва Аризона шумори овозҳои Байденро ба 270 - миқдори зарурии раъй барои пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ хоҳанд расонд.

Пирӯзии Байден дар Мичиган ва Висконсин (соли 2016 дар ин иёлатҳо Трамп баранда шуда буд) шонси баранда шудани Трампро камтар кард. Тими Трамп талаб дорад, ки овозҳо дар баъзе аз минтақаҳои Висконсина дубора шумурда шаванд.

Дар Висконсин Байден 49,6 ва Трамп 48,9 дарсади раъйҳоро соҳиб шудаанд. Тими Трамп ҳамчунин зидди натиҷаҳои шумориши оро дар Пенсилвания ва Ҷорҷия шикоят бурдааст. Ҳарчанд далеле дар мавриди қонуншиканиҳо дар рафти ҳисоби раъйҳо надорад.

Намояндагони комиссияи интихоботӣ дар иёлатҳои ИМА мегӯянд, шумориши варақаҳо ҳанӯз ҳам идома ва эҳтимоли тағйири натиҷаҳои рақобат ҳар лаҳза имкон дорад.

XS
SM
MD
LG