"Ширкат таъмини мулоқоти Ҷабборов бо мақомҳои баландпояи ИМА, сарвазири Исроил ва намояндагони кишварҳои арабиро бар зимма мегирад", - омадааст дар матлаб.
"Иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон баъди ду ҳафтаи расидан ба қудрат бо ширкате барои лоббӣ кардан бар ивази 1 миллион доллар созишнома имзо кардааст. Дафтари Ҷабборов қарордодро бо афсари пешини иктишофи низомии Исроил Ари Бен-Менаше (Ari Ben-Menashe) 30 октябр имзо намудааст. Ширкати Бен-Менаше Dickens & Madson Canada, ки қароргоҳаш дар Монреал аст, барои дарёфти кумакҳои моддӣ манфиатҳои Қирғизистонро дар ИМА ва Ховари Миёна лоббӣ мекунад. Ҳамчунин мулоқоти Ҷабборовро бо мақомҳои баландпоя дар кутоҳтарин муддат таъмин менамояд. Санадҳо нишон медиҳанд, ки ҷониби Қирғизистон аллакай 1 миллион доллар ҳаққи хадамоти ширкатро пардохтааст", - навишта шудааст дар матлаби Foreignlobby.com.
Сухангӯи иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон Галина Байтерек гуфт, қазияро баъди "дақиқ кардан" шарҳ медиҳад. Қарордоди мазкурро аз номи ҳукумати Қирғизистон Абдиманоп Карчигаев, молики ширкати кишоварзии "Реннесанс" дар Бишкек имзо кардааст.
Писари ӯ Олтинбек Карчигаев имзои қарордоди мазкурро тасдиқ карда, гуфт, "ҳадафи асосии он пардохти қарзи давлатӣ аст". Вале аз ифшои ҷузъиёти қарордод худдорӣ карда, гуфт, "ҳама"-ро падараш медонад. Абдиманоп Карчигаев дар Русия ва Қирғизистон як қатор ширкатҳоро дар ихтиёр дорад.
Ахиран маълум шуд, ки Русия масъалаи ҷудо кардани 100 миллион доллар ба Қирғизистонро ба таъхир гузошт. Дар баробари ин, намояндаи Иттиҳоди Аврупо 27 октябр гуфт, кумаки шашмиллиондолларӣ барои Қирғизистон дар соли 2021 боз дошта шуд.