Ссылки доступа

Интихоботи ИМА: шумориши оро дар иёлатҳои калидӣ идома дорад


Дар ИМА шумориши варақаҳои интихоботӣ ҳанӯз ҳам идома дошта, ҳар ду номзад Доналд Трампи ҷумҳурихоҳ ва Ҷо Байдени демократ то ҳол раъйи заруриро барои пирӯзӣ дар интихоботи президентии 3 ноябр ба даст наовардаанд.

Тими Трамп дар мавриди қонуншиканиҳо дар рафти шумориши раъйҳо чанд шикоят кардааст ва худи президент Доналд Трамп хост, ҳисоби овозҳо дар баъзе аз иёлатҳо қатъ шавад. Коршиносон мегӯянд, гумон аст, ки шикоятҳои тими Трамп ба натиҷаи интихобот таъсир расонад.

Ахиран Трамп давоми ду рӯзи ахир бори нахуст изҳорот дода, бори дигар гуфт, "демократҳо кушиши дуздидани овозҳоро доштанд". Вале ҳеч гуна далелеро дар ин замина ироа накард. Чандин телевизиони бонуфузи ИМА ҳангоми суҳбати бедалели Трамп дар бораи интихоботи президентӣ пахши мустақимро аз Кохи сафед қатъ карданд. Шабакаҳои иҷтимоии Twitter ва Facebook, ки нишасти хабарии Трампро зинда намоиш медоданд, матлаби худро "баҳсӣ" аломат гузоштанд.

Номзади демократҳо Ҷо Байден дар навбати худ амрикоиҳоро ба таҳаммулпазирӣ даъват карда, хост ба раванди интихобот боварӣ дошта бошанд. Ӯ изҳори боварӣ кард, ки дар ниҳоят пирӯз мешавад.

"Ҳеч кас демократияамонро аз мо гирифтанӣ нест. На имрӯз ва на фардо", - навишт Байден баъди суханронии Трамп.

Ба баҳои нозирон, агар Байден дар Пенсилвания ҳам пирӯз нашавад, пешсафияш дар Аризона ва Невада шумори овозҳои ӯро ба 270 - раъйи зарурӣ барои пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ хоҳад расонд.

Овозҳое, ки Байден дар Аризона ба даст овардааст, 50,1%-ро ташкил медиҳанд, ки назар ба овозҳои касб кардаи Трамп (48,5%) дар ин минтақа 47052 раъй бештар аст. Дар Невада Байден 49,4% ва Трамп 48,4%-и овозҳоро соҳиб шудаанд. Намояндагони комиссияи интихоботии иёлатҳо гуфтанд, натиҷаҳои ниҳоиро пештар аз рӯзҳои истироҳатии ахири ҳафта эълом нахоҳанд кард. Дар Висконсин, ки тақрибан ҳамаи варақаҳо ҳисоб шудааст, номзади пирӯз Байденро эълом карданд. Тими Трамп хост, овозҳо дар онҷо аз нав ҳисоб шаванд.

XS
SM
MD
LG