Ссылки доступа

Хабари ситонидани андоз аз муҳоҷирон дар Узбекистон рад шуд


Вазорати адлияи Узбекистон хабарҳо дар бораи онро рад кард, ки гӯиё аз моҳи январи соли 2021 муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар ҳамчун шахсони худкифо эътироф шуда, аз онҳо андоз ситонида мешавад.

"Шаҳрвандони худкифо андоз аз даромадро намесупоранд ва андози иҷтимоӣ танҳо дар сурате пардохт карда мешавад, ки шаҳрвандон хоҳиши дарёфти нафақа дар ояндаро дошта бошанд", - омадааст дар иттилоияи Вазорати адлияи Узбекистон.

Бар асоси фармони президенти Узбекистон, шаҳрвандоне, ки муваққатан дар хориҷ қонунӣ кор мекунанд, аз 1 январи соли 2021 ҳамчун шахсони худкифо эътироф карда мешаванд.

Баъди нашри ин фармон дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое нашр шуд, ки гӯиё муҳоҷирони корӣ пас аз эътироф шудан ҳамчун шахси худкифо вазифадор ҳастанд, ки ба давлати Узбекистон андоз супоранд.

XS
SM
MD
LG