Ба огаҳии низомиён, чархбол тавассути муҷтамаи мушакие аз маҳалли даргириҳо Қарабоғи Куҳӣ сарнагун сохта шудааст. Дар ин минтақа аз охирҳои моҳи сентябри соли равон задухурдҳои мусаллаҳона миёни нерӯҳои Озарбойҷон ва Арманистон идома дорад.
Дар натиҷаи суқути чархбол ду узви экипаж ҳалок шуда, як нафари дигар ҷароҳат бардоштааст.
Дар ҳамин ҳол Вазорати дифои Озарбойҷон бо узрхоҳӣ аз ҷониби Русия гуфтааст, чархбол "иштибоҳан" сарнагун шуда, ин ниҳод омодааст, ки ҷуброн бипардозад.
"Чархбол аз наздикии марзи Озарбойҷону Арманистон парвоз мекард ва дар ин минтақа миёни нерӯҳои ду кишвар задухурдҳои мусаллаҳона идома дорад. Парвоз дар торикӣ, паст ва дар маҳдудаи таҳти назорати муҷтамаи мушакӣ анҷом мешуд. Чархболҳои Русия пештар дар минтақаи мазкур мушоҳида карда нашуда буданд", - афзудааст вазорат.
Вазорати дифои Русия гуфтааст, чархбол корвони мошинҳои пойгоҳи низомии 102-умро дар наздикии марзи Арманистон бо минтақаи худмухтори Нахичевани Озарбойҷон ҳамроҳӣ мекард.
Ба огаҳии ҷониби Русия, фармондеҳии пойгоҳи низомии 102 дар ҳоли ҳозир таҳқиқ дорад, ки чархболро кӣ сарнагун сохтааст.
Сарбозони пойгоҳи низомии 102 дар ду минтақаи Арманистон - шаҳри Ереван ва Гюмрӣ ҷойгир шудаанд. Русия ва Арманистон дар бораи фаъолияти ин пойгоҳи низомӣ созишномаеро имзо кардаанд, ки то соли 2044 амал мекунад.