Ссылки доступа

Дар Бишкек талаб доранд, ки додгоҳи "маҳбусони сиёсӣ" ба таври кушода баргузор шавад


Рӯзи 9 ноябр дар назди бинои порлумони Қирғизистон дар шаҳри Бишкек гирдиҳамоӣ ташкил шуд. Ташкилкунандагони гирдиҳамоӣ худро аъзои "Ҳаракати занон" муаррифӣ ва эълом карданд, ки зидди беқонунӣ гуруснашинӣ мекунанд.

Чанд зан дар даст шиорҳои "Фурсат фаро расад, додгоҳ ҳам посух медиҳад", "Додгоҳи озод талаб дорем!", "Даст бардоред аз Конститутсия" доштанд.

Асилгул Эдилова, яке аз ширкатдорони эътироз гуфт, президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев маҳбуси сиёсӣ аст ва муҳокимаи вай бояд, ошкоро сурат гирад.

Отамбоев дар доираи парвандаи ғайриқонунӣ аз ҳабс озод кардани соҳибнуфузи ҷиноӣ Азиз Батукаев айбдор эълом шудааст. Вай талаб дорад, ки муҳокимаи парвандааш ошкоро сурат гирад.

XS
SM
MD
LG