Ссылки доступа

Ширкати UzAuto Motors худрави Chevrolet Equinox-ро 50% гарон мефурӯшад


Ширкати UzAuto Motors худравҳои навъи Chevrolet Equinox-ро ӯ, ки аз ИМА ворид кардааст, бо қимати 22,8 ҳазор доллар харидорӣ ва бо қимати 33,6 ҳазор доллар ба фурӯш мебарорад.

Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Узбекистон хабар медиҳанд.

Ба навиштаи расонаҳо, ширкати UzAuto Motors бо ширкати General Motors Overseas Distribution LLC-и ИМА 27 ноябри соли 2019 бо қимати 199,9 миллион доллар шартнома баста аст.

Бино ба шартнома, қимати як худрав 22,8 ҳазор доллар муқаррар шудааст.

Дар шартнома ҳамчунин харҷи роҳ ва бима ворид шудааст.

"Дар Узбекистон Equinox бо қимати 33,6 ҳазор доллари ИМА фурӯхта мешавад. Яъне, ба болои қимати як адад Equinox 10,8 ҳазор доллар ё 47% зам мешавад", - менависанд расонаҳо.

XS
SM
MD
LG