Ссылки доступа

Аз сарвазири Қирғизистон хостанд, нақши расонаҳои озодро дар мазҳари ом эътироф кунад


Созмонҳои расонаии Қирғизистон дар робита ба изҳороти иҷрокунандаи вазифаҳои президенти ин кишвар Содир Ҷабборов дар Рӯзи иттилоот ва нашр изҳори нигаронӣ карда, гуфтаанд, он ба ташкили руҳияи бадбинӣ нисбат ба намояндагони ВАО мусоидат хоҳад кард.

Пандемияи коронавирус нишон дод, ки ВАО дар огаҳ намудани шаҳрвандон дар бораи маълумоти мавҷуда ва паҳн кардани хабарҳо дар бораи он ки мақомот ба ин мушкилиҳо чи гуна вокуниш нишон медиҳанд, нақши калидиро мебозад. Рӯзноманигорон сарфи назар аз хастагӣ, фишор, шароити бади корӣ ва хатари мубталошавӣ ба вирус вазифаи худро анҷом дода, сокинонро дар бораи ҳаводиси ҷорӣ огаҳ карданд.

Изҳоротҳое, ки дар онҳо рӯзноманигорон ба таҳрифи иттилоъ айбдор мешаванд, бар асоси далелҳои дақиқ нестанд. Агар ба гуруҳҳои ҷонибдорони Ҷабборов дар шабакаҳои иҷтимоӣ назар андозем, онҳо суханҳои иҷрокунандаи вазифаҳои президентро ҳамчун ҳушдор қабул кардаанд. Яъне, ҳар расонае, ки Ҷабборову тимашро танқид мекунад, ба он набояд бовар кард. Дақиқтараш суханҳои Ҷабборов сабаб шуда, ки рӯзноманигорон ҳадафи таҳдиду таъқиб дар шабакаҳо қарор гиранд.

"Мо аз иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон даъват мекунем, ки нақши расонаҳои озодро дар ҷомеаи демократӣ ба таври оммавӣ эътироф карда, аз бадномсозии рӯзноманигорон худдорӣ кунад. Ҳамчунин барои таъмини дастрасии баробару одилона ба иттилоъ пешниҳод мешавад, ки нишастҳои хабарии мунтазам баргузор ва аз "ошнобозӣ"-ҳои сиёсӣ худдорӣ карда шавад", - омадааст дар иттилоияи созмонҳои расонаии Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG