Ссылки доступа

Русия ба Қарабоғи Куҳӣ ҳудуди 2 ҳазор "посдори сулҳ" фиристод


Вазорати дифои Русия иттилоъ дод, ки гуруҳи нахустини посдорони сулҳи ин кишвар тавассути 6 ҳавопаймои Ил-76 озими Қарабоғи Куҳӣ шуданд.

Ба минтақаи мазкур Ҷамъан бояд 1960 посдори сулҳ ва 470 техникаи низомӣ фиристода шавад. Онҳо дар асоси созиши раҳбарони Русия, Озарбойҷон ва Арманистон дар Қарабоғи Куҳӣ ҷойгир хоҳанд шуд.

Пештар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳое аз фурудгоҳи "Восточний"-и Уляновск нашр шуд, ки нишон доданд, дар фурудгоҳ 10 ҳавопаймои борбари Ил-76 қарор дорад.

Раиси Маҷлиси қонунгузории вилояти Уляновск Айрат Гибатдинов 9 ноябр, ҳанӯз пеш аз имзои созишнома хабар дода буд, ки Русия чатрбозони худро ба Қарабоғи Куҳӣ фиристодааст. Ин иқдом баҳсҳои тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда, бархе корбарон гуфтанд, низомиёни рус дар задухурдҳои Қарабоғи Куҳӣ ширкат хоҳанд варзид.

Раҳбарони Русия, Озарбойҷон ва сарвазири Арманистон чанде пеш изҳороти муштаракеро дар бораи қатъи даргириҳо дар Қарабоғи Куҳӣ аз шаби 10 ноябр нашр карданд. Вале ҷонибҳо дар мавзеъҳои ишғолии худ боқӣ хоҳанд монд.

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев гуфт, посдорони сулҳи Русия ҳамроҳ бо низомиёни Туркия фаъолият хоҳанд кард. Вале ин чиз дар созишномаи раҳбарони се кишвар пешбинӣ нашудааст.

Вазъ дар Қарабоғи Куҳӣ субҳи 27 сентябр якбора шиддат гирифт. Дар ин минтақа амалиёти низомӣ шуруъ шуд. Дар Арманистону Озарбойҷон вазъи низомӣ эълом гардид. Ҳар ду кишвар аз талафоти ҷонӣ ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандонашон хабар медиҳанд ва ҳамдигарро дар ташдиди вазъ айбдор мекунанд.

Низоъи Озарбойҷону Арманистон бар сари Қабароғи Куҳӣ аз охирин солҳои мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ идома дорад. Минтақаи мазкур, ки бештари бошандагонаш арманӣ ҳастанд, дар соли 1991 эълом кард, ки аз Озарбойҷон ҷудо ва мустақил мешавад. Аммо ҳеч кадом давлати дунё ин минтақаро эътироф накард.

XS
SM
MD
LG