Уилям Барр ҳамзамон аз додситонҳои федеролӣ даъват карда, ки дунболи иддаои "сохта ва муболиғаомез" дар бораи қонуншиканиҳо дар интихобот нагарданд, иқтибос овардааст "Садои Амрико" аз номаи Барр.
Ҷонибдорони президент Доналд Трамп, ки бохти худро дар баробари номзади демократ Ҷо Байден эътироф надорад, мегӯянд, дар интихоботи президентии ахири Амрико қонуншиканӣ сурат гирифтааст.
Ситоди интихоботии Трамп чанде пеш ба додгоҳи федеролӣ шикоят бурда, хост, пирӯзии Байден дар Пенсилвания расман эътироф карда нашавад. Ба гуфтаи масъулони ситод, дар низоми раъйдиҳии Пенсилвания тавассути почта гӯиё шаффофият таъмин набуд. Вале демократҳо ин иддаоро рад мекунанд.
Ситоди интихоботии Трамп ҳамчунин дар иёлатҳое низ ба додгоҳ шикоят бурдааст, ки номзади баранда Байденро эълом кардаанд. Бархе аз додрасҳои федеролӣ аллакай шикоятҳои ситоди Трампро рад кардаанд. Худи Трамп пайваста аз талошҳои тиму ҳуқуқшиносонаш дар ин замина дар Твиттер менависад, вале то ҳол далели дақиқеро дар бораи қонуншиканиҳо нашр накардааст.
Трамп то 20 январи соли оянда, ки қарор аст маросими савгандёдкунии раисҷумҳури нави ИМА баргузор шавад, президенти Амрико мемонад.