Ссылки доступа

Сухангӯи сарвазири Қирғизистон: Ҷабборов ба расонаҳо фишор намеорад


Иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба озодии баён фишор намеорад ва расонаҳонаро ба қабулу номақбул ҷудо намекунад.

Дар ин бора Галина Байтерек, котиби матбуотии иҷрокунандаи вазифаҳои президент ва сарвазири Қирғизистон Содир Ҷабборов изҳори назар кард. Ин изҳороти Байтерек дар ҳоле садо дод, ки чанде аз созмонҳои рӯзноманигории Қирғизистон аз Ҷабборов хостанд, нисбати рӯзноманигорон табъйиз раво надорад.

Ба гуфтаи Байтерек, Содир Ҷабборов бар ин назар аст, ки озодии расонаҳо ҷузъи ҷудонашавандаи кишвари демократӣ буда, яке аз омилҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ аст.

Галина Байтерек хабар дод, ки Ҷабборов рӯзи 12 ноябр нишасти хабарӣ баргузор ва ба суолҳои ҷомеа посух хоҳад дод.

Иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон рӯзи 3 ноябр дар як мусоҳибаи телевизионӣ дар бораи бахши қирғизии "Радиои Озодӣ" изҳори назар кард. Вай гуфт, ки ӯро "танқиди сахт ва суханҳояшро таҳриф мекунанд". Баъди ин баёния дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳдидҳо нисбати бахши қирғизии Радиои Озодӣ афзуд.

Чанд аз созмонҳои рӯзноманигорӣ ва расонаҳои Қирғизистон аз ин ҳарфҳои Ҷабборов изҳори нигаронӣ карданд. Ба бовари созмонҳову расонаҳо, мавқеи Ҷабборов метавонад, дар ниҳоят ба озодии баён дар Қирғизистон хатар эҷод кунад.

Расонаҳо аз Ҷабборов хостанд, ки нақши озодии расонаҳоро дар ҷомеаи демократӣ ошкоро эътироф ва тасдиқ кунад ва ҳамзамон аз табъйизи рӯзноманигорон худдорӣ варзад.

XS
SM
MD
LG