Ссылки доступа

Дар шаҳри Алмато талаб доранд, қотилони писари Давлат Оғодил пайдо карда шаванд (видео)


Баъди хабари марги писари фаъоли ҷамъиятии Қазоқистон Давлат Оғодил, дар шаҳри Алматои он кишвар гуруҳе аз сокинон пушти дари пулис ҷамъ омада, талаби пайдо кардани қотилони сиёсатмадорон ва рӯзноманигорони кушташударо карданд.

Онҳо ҳамзамон дар марги Жанболат Оғодили 17-сола, ки шаби 10 ба 11 ноябр кушта шуд, сугворӣ ва ҳукумату пулисро дар беамалӣ айбдор карданд.

"Вақте Давлат Оғодилро куштанд, мақомот дурӯғ гуфтанд. Ин бор ҳам ҳамон кор такрор мешавад", - гуфт яке аз ширкатдорони гирдиҳамоӣ дар шаҳри Алмато.

Мақомоти шаҳри Алмато аз ҷамъшудаҳо талаб карданд, ки пароканда шаванд, зеро "гирдиҳамоии онҳо ғайриқонунӣ аст".

Дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон шаби 10 ба 11 ноябр Жанболат Оғодили 17-сола - писари марҳум Давлат Оғодил, фаъоли пешини ҷамъиятӣ кушта шуд.

Пулис гуфт, Жанболат дар натиҷаи занозании гуруҳии ҷавонон аз зарби корд кушта шудааст.

Пулис бо моддаҳои "Куштор" ва "Авбошӣ" парванда боз кардааст.

Расонаҳо менависанд, гумонбари ин куштор боздошт шуда, ду тани дигар дар пайгард қарор доранд. Сабабҳои ин занозании ҷавонон ҳанӯз муайян нашудааст.

Давлат Оғодил, фаъоли пешини ҷамъиятӣ моҳи феврали соли ҷорӣ дар боздоштгоҳи шаҳри Нурсултон дар шароити номушахассе фавтид. Вай мебоист, 25 феврал бо вакилони порлумони Аврупо мулоқот мекард. Аммо шаби 24 феврал афроди ношиносе ӯро аз манзилаш бурданд. Субҳи рӯзи дигар хабар расид, ки вай дар боздоштгоҳ фавтидааст.

Ҳомиёни ҳуқуқи қазоқистонӣ марги Давлат Оғодилро "куштори сиёсӣ" унвон карданд. ИМА, Бритониё ва чанд созмони дигари байналхалқӣ аз мақомоти Қазоқистон хостанд, ки сабабҳои марги фаъоли ҷамъиятиро ошкор кунанд. Аммо мақомоти Қазоқистон гуфтанд, Давлат Оғодил дар шароити табиӣ вафот кардааст.

Гражданский активист Дулат Агадил погиб при таинственных обстоятельствах в СИЗО Нур-Султана в феврале этого года. 25 февраля он должен был встретиться с депутатами Европарламента. В ночь на 24 февраля его увели из дома люди в штатском. На следующее утро полиция объявила, что он скончался в изоляторе.

После смерти 43-летнего активиста митинги и траурные церемонии прошли в нескольких городах Казахстана. Участники обвинили власти в его смерти, заявив, что не верят официальным сообщениям о том, что активист перенес сердечный приступ. Казахстанские правозащитники назвали смерть Дулата Агадила «политическим убийством» и требовали, чтобы власти расследовали обстоятельства его смерти открыто и справедливо.

XS
SM
MD
LG