Ссылки доступа

Раиси пешини дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон боздошт шуд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) боздошт ва ҳабси раиси пешини дастгоҳи ҳукумати ин кишвар Самад Килжиевро тасдиқ кард.

Дар Қирғизистон моҳи майи соли 2020 атрофи фурӯши ширкати "Скай Мобайл", маъруф бо бренди "Билайн" баҳсҳое сар зада буд.

Вакили порлумони Қирғизистон Жанарбек Акаев он замон гуфта буд, ки ин хариду фурӯш бидуни эъломи музояда ғайриқонунӣ сурат гирифтааст ва ба нақшаи мазкури фасодкорӣ сарвазири вақти кишвар Муҳаммадқулӣ Абилғозиев даст дорад. Ба гуфтаи вакил, дар натиҷа буҷаи давлати Қирғизистон аз 10 то 30 миллиард сом зарар дидааст.

Абилғозиев дар пасманзари ин моҷаро 15 июни соли равон аз мақомаш истеъфо дод. Хадамоти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон 20 октябр хабар дод, ки сарвазири пешини ин кишвар ҳаққи ба хориҷ рафтанро надорад, вале гуфта нашуд, ки ин қарор дар доираи кадом парванда гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG