Ссылки доступа

Ҷабборов: дар Конститутсияи нави Қирғизистон коҳиши шумори вакилон пешниҳод шудааст


Иҷрокунандаи вазифаҳои президент ва сарвазири Қирғизистон Содир Ҷабборов ба суоли рӯзноманигорон дар робита ба тағйири Конститутсияи ин кишвар посух дод.

Ба гуфтаи Ҷабборов, Конститутсияи Қирғизистон на бо хоҳиши ӯ, балки бо талаби мардуми он кишвар тағйир дода мешавад.

"Тазоҳуроти ахир зидди низоми идории порлумонӣ ва сиёсати мақомот буд. Дар ҳоли ҳозир лоиҳа омода мешавад ва онро мутахассисон аз соҳаҳои гуногун таҳия доранд. Рӯзҳои наздик лоиҳа ба порлумон пешниҳод хоҳад шуд. Интихоботи якмандатӣ низ талаби мардум аст ва онро бо ҳамаи нерӯҳои сиёсии Қирғизистон баррасӣ кардем. Дар лоиҳа омадааст, ки ҳам низоми якмандатӣ ва ҳам ҳизбӣ хоҳад буд. 55 вакил бар асоси рӯйхати ҳизбӣ боқӣ тавассути низоми якмандатӣ интихоб мешаванд. Пешниҳод шудааст, ки шумори вакилон то ба 90 кам карда шавад", - изҳор дошт Ҷабборов.

Бештари вакилони порлумони Қирғизистон 22 октябр дар се қироат қонуни конститутсионии он кишварро тағйир доданд, ки барои ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва баргузор кардани интихоботи такрории порлумонӣ дар соли оянда асос шуд.

Бар асоси қонуни тағйирёфта, интихоботи такрории порлумонии Қирғизистон баъди тағйири Конститутсия ва на дертар аз 1 июни соли 2021 бояд баргузор карда шавад.

Як қатор намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Қирғизистон иҷрокунандаи вазифаҳои президент ва сарвазири Қирғизистон Содир Ҷабборовро ба он айбдор мекунанд, ки бо тағйири Конститутсия кушиш дорад, қудратро "ғасб" кунад. Вале худи Ҷабборов ин иттиҳомро дар суҳбат бо сокинони шаҳри Ӯш рад карда, гуфт, тағйири Конститутсия "ошкоро" сурат мегирад.

XS
SM
MD
LG