Ин бозӣ шоми панҷшанбеи 12 - уми ноябр дар варзишгоҳи "Зобил" доир гардид.
То дақиқаи 29-уми бозӣ ҳисоб 2:0 ба нафъи футболбозони тоҷик буд. Ҳисобро Давронҷон Эргашев дар дақиқаи 10-ум кушод. Голи дувуми меҳмононро Комрон Турсунов дар дақиқаи 20-ум ба самар расонид. Вале баъдан Алӣ Аҳмад Мабҳут дар дақиқаҳои 29-ум ва 63-юм (аз пеналтӣ) ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ду гол зада, ҳисобро баробар кард – 2:2.
Голи севум ва ҳалкунандаи мизбононро Алӣ Солеҳ дар дақиқаи 4-уми замони изофа ба дарвозаи меҳмонон ворид кард. Ҳамин тариқ, ин бозии дӯстона бо ҳисоби 3:2 ба нафъи мунтахаби Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хотима ёфт.
Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстона дар Дубай, ки 7-уми ноябр баргузор шуда буд, аз тими миллии Баҳрайн бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт. Голи ягонаро Муҳаммад Саъд Ал-Ромайҳӣ дар охири нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 44-ум, ба самар расонид.
Усмон Тошев, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон, баъди анҷоми бозии дӯстона бо тими миллии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ гуфт, “ба бачаҳо дилам месӯзад. Онҳо бисёр кӯшиш карда, ду гол заданд, вале ҳисобро нигаҳ дошта натавонистанд. Голи сеюми мизбонон моро шикаст дод. Бачаҳо дар нимаи аввал хуб бозӣ карданд. Вале онҳое, ки дар нимаи дувум ба майдон омаданд, ба ҷараёни бозӣ ҳамоҳанг шуда натавонистанд. Дар даста бозигарони ҷавон зиёданд, ки ба онҳо таҷриба ва маҳорат намерасад. Ин бозиҳои санҷишӣ нишон доданд, ки ба бачаҳои мо касби таҷрибаи бозии байналмилалӣ зарур аст. Рақибонамон - мунтахабҳои Баҳрайн ва Иморот - дастаҳои пурқуввати Осиё мебошанд ва маҳз дар бозӣ бо чунин тимҳои пуртаҷриба мо метавонем камбудиҳои худро ошкор карда, ба бозиҳои расмӣ хуб омодагӣ бигирем.”
Бояд гуфт, ки қаблан мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона дар Тошканд аз тими миллии Узбекистон низ бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда буд.