Ссылки доступа

Эътирозҳои Минск пароканда ва наздики 1000 кас боздошт шуд (видео)


Дар Минск ва дигар шаҳрҳои Белорус пулис бештар аз 900 ширкатдори иқдомҳои эътирозии зидди режеми Александр Лукашенкоро рӯзи якшанбе боздошт кард.

Дар ин бора созмони ҳомии ҳуқуқи "Весна" хабар дод.

Дар пайи рафтори хашини кормандони пулис чанд эътирозгари дигар маҷруҳ шуд.

Миёни боздоштшудаҳо 15 рӯзноманигор низ ҳаст.

Мухолифони ҳукумат нисфирӯзии 15 ноябр дар наздикии истгоҳи метрои "Пушкин" дар шаҳри Минск ҷамъ шуда, тасмим доштанд, ки то Майдони тағйирот роҳпаймоӣ кунанд.

Мақомоти қудратӣ монеи роҳпаймоӣ шуда, аз норинҷакҳои садоафкан, гази ашковар ва дигар васоили махсус истифода карданд. Ҳазорон тан аз эътирозгарон дар Майдони тағйирот ҷамъ шуда, хотираи Роман Бондаренкоро гиромӣ доштанд, ки шаби 12 ноябр дар натиҷаи латту кӯби пулис фавтид.

Пулис баъди чанд соат ҷамъшудагонро пароканда ва қисмеро боздошт кард.

Иқдоми гиромидошти хотираи Бондаренко дар бештар аз 10 шаҳри Белорус баргузор шуд. Пулис дар ҳамаи шаҳрҳо талош кард, ки аз ин иқдом пешгирӣ кунад.

Иқдомҳои эътирозӣ зидди Лукашенко дар Белорус аз моҳи август ба ин тараф идома доранд.

XS
SM
MD
LG