Ссылки доступа

Дар Қазоқистон парвандаи ҷиноӣ нисбати рӯзноманигор Ёрмурод Бапӣ қатъ шуд


Рӯзноманигор Ёрмурод Бапӣ, ки дар "ширкат дар чорабинии ғайриқонунӣ" дар эътирози рӯзи шанбе дар шаҳри Алматои Қазоқистон айбдор мешуд, гуфт, парвандаи ҷиноӣ нисбати вай қатъ шудааст.

Ба Бапӣ қарор ва ё ҳукмеро дар бораи қатъи парванда нишон надодаанд.

Ёрмурод Бапӣ, муҳаррири рӯзномаи "Мавқеи ҷамъиятӣ" субҳи рӯзи шанбе дар маркази шаҳри Алмато боздошт ва ба идораи пулис бурда шуд. Баъди чанд соат ӯро раҳо ва гуфтанд, ки рӯзи душанбе ба додгоҳ ҳозир шавад.

Иддае аз сокинони шаҳри Алмато рӯзи 14 ноябр бо даъвати эътироф накардани интихоботи порлумонии навбатӣ ба кӯча баромаданд.

XS
SM
MD
LG