Ссылки доступа

Дар Узбекистон бо варзиш машғул шудани хидматчиёни давлатиро таҳти назорат мегиранд


Вазорати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Узбекистон назорати иштироки мунтазами хидматчиёни давлатиро дар машқҳои пагоҳирӯзӣ идома хоҳад дод.

Ба огаҳии вазорат, ин ниҳод рӯзи 16 ноябр дар ин замина бо Оҷонси рушди хадамоти давлатии назди президенти Узбекистон ёддоштеро ба имзо расондааст.

Бар асоси ёддошт, Вазорати тарбияи ҷисмониву варзиши Узбекистон дар якҷоягӣ бо оҷонси мазкур барои хидматчиёни давлатӣ машқҳои мунтазами пагоҳирӯзиро бо мақсади "таблиғи тарзи ҳаёти солим" ташкил хоҳад кард.

Президенти Узбекистон 30 октябри соли равон фармонеро дар бораи роҳандозии густардаи тарзи ҳаёти солим ва рушди минбаъдаи варзиши оммавӣ дар ин кишвар содир кард, ки дар расонаҳои расмӣ 3 ноябр нашр шуд. Ин фармон фароҳам кардани шароити мусоидро барои машғул шудан бо тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои миёнаву олӣ ва корхонаҳои дигари Узбекистон пешбинӣ мекунад.

Бино ба як фармони дигари Мирзиёев, шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар рӯз 10 ҳазор ё бештар аз ин қадам мезананд, ба ҳамёни интернетии худ 3 ҳазор сӯм дарёфт мекунанд. Ба илова, касоне, ки дар сатҳи ноҳия дар моҳ бештар аз дигарон қадам мезананд, 300 ҳазор сӯм (муодили 300 сомонӣ), дар сатҳи минтақа бештар аз дигарон қадам мезананд - 500 ҳазор сӯм (500 сомонӣ) ва дар сатҳи кишвар аз дигарон бештар қадам мезанад 1 миллион сӯм (1000 сомонӣ) дарёфт мекунад.

XS
SM
MD
LG